Август 17, 2021 18:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши СПАД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) қасд дорад, размоишеро дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Станислав Зас, дабири кулли СПАД рӯзи сешанбе гуфт, суқӯти давлати Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистону тасарруфи ин кишвар аз тарафи гурӯҳи Толибон, ба таври қобили таваҷҷӯҳе авзоъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва СПАД-ро таҳти таъсир қарор дода ва боиси нигаронӣ шудааст.

Станислав Зас афзуд, дар ҳоли ҳозир омодагии мустақим барои тамриноти нерӯҳои СПАД, ки дар оянда дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад, оғоз шудааст.

Зас хотирнишон кард, ин созмон аз наздик авзоъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро зери назар дошта ва ҳадафи аслии ин созмон дар ин шароит ҳифзи амнияти кишварҳои узв аст.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд.

Яке аз аҳдофи умдаи ин созмон маҳдӯд кардани заминаи густариш ва нуфӯзи НАТО ва  Амрико дар минтақа аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп