Имзои қонуни бозхариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни бозхариди хизмати сарбозӣ дар ин кишварро имзо кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, бар асоси ин қонун, ки ба имзои Эмомалӣ Раҳмон расид, ҳаҷми маблағи хизмат дар ҳайати захиравӣ 25 ҳазору 200 сомонӣ (420 нишондиҳанда) муқарар карда шуд.
Хизмат тариқи пардохти пул як моҳ давом мекунад, ки маблағаш ба ҳисоби миёна 840 сомонӣ барои як рӯзи хидмат дар ҳайати захиравиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола дар қонуни буҷа муайян мегардад ва вобаста ба боло рафтани ин нишондиҳанда пули хизмат низ афзоиш меёбад.
Даъвати хизматчиёни захиравӣ аз рӯи минтақаашон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа сурат мегирад. Шаҳрвандон баъди анҷоми хизмат ба сафи нерӯҳои эҳтиётӣ шомил мешаванд.
Пули хизмат дар ҳайати захиравӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа дар бахши хазинадории Вазорати молия гузаронда мешавад ва қабул ба хизмат дар ҳайати захиравӣ танҳо дар сурати пешпардохт имконпазир аст, бармеояд аз тартиби тасдиқкардаи Ҳукумат.
Бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, ки аввали соли равон қабул гардид, шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Бештар бихонед: