Дидори раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Tue, 17 Aug 2021 14:14:17 GMT )
Август 17, 2021 19:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дидор ва масоили марзиро мавриди баррасӣ қарордоданд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, дар дидори Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдулкарим Олимбоев, раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар марзи муштараки ду кишвар масъулони ноҳияҳои марзии Исфара, Ботканд ва Лайлак, фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва интизомӣ ширкат карданд.

Фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва интизомии ноҳияҳои марзии ду кишвар тайи ин нишаст дидгоҳи худро дар бораи ихтилофоти марзии ахир ва роҳҳои поён додан ба муноқишоти марзӣ иброз карданд. Дар ин нишаст таъкид шуд, ки аз рӯзи сешанбе 17 август соли ҷорӣ барои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва кормандони полиси ду кишвар раҳҳои омӯзиш вижа ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи ихтилофот ва низоъҳо миёни сокинони рӯстоҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, токунӯн фақат бар сари аломатгузории 520 километр аз марзи 976 километрӣ тавофуқ ҳосил шуда, вале ин миқдор низ ҳануз таъйини хат нашудааст.

Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғду Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

 

Бештар бихонед: