Август 18, 2021 20:49 Asia/Dushanbe
  • Додани медал ва унвонҳои ифтихорӣ ба 120 нафар дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи маросиме дар шаҳри Душанбе ба 120 нафар аз устодони донишгоҳҳову марокизи омӯзишӣ, кормандони бахши беҳдошту дармон, масъулони марокизи тавлидӣ ва аҳли ҳунару фарҳанги ин кишвар, медалҳо ва унвонҳои ифтихорӣ эҳдо кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии 30 –юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба ин афрод медалҳо ва унвонҳои ифтихорӣ эҳдо кард.

Вай дар ин маросим таъкид кард: Ин афрод дар роҳи рушду пешрафти Тоҷикистон дар бахшҳои улуму фанноварӣ, иқтисод ва энержӣ, беҳдошту дармон ва гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хадамоти шоиста анҷом додаанд, ки дар остонаи 30 -юмин солгарди истиқлоли кишвар аз онон таҷлил ба амал омад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афроде ки мавриди ситоиш қарор гирифтанд, орзуи муваффақият кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп