Ҳузури варзишкори тоҷик дар рақобатҳои Паралимпии 2020-и Токио
Август 19, 2021 16:44 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон бо як варзишкор дар Паралимпии 2020-и Токио ширкат мекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, шонздаҳумин давраи бозиҳои Паралимпии Токио аз 24 август то 5 сентябр дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад .
Акмал Қодиров-танҳо намояндаи Тоҷикистон дар риштаи партоби диск(гулула) дар ин мусобиқот аст .
Акмал Қодировро Зокирҷон Комилов, мураббӣ ва Сиёвуш Илёсов-раиси Федерасиюни варзишҳои сабуки Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Дар мусобиқоти Паралимпии Токио 4400 варзишкор аз 136 кишвар барои касби 540 медол рақобат мекунанд .