Август 19, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти молии  Ҷопон аз иҷрои 3 тарҳи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон

Бо ҳимояти молии давлати Ҷопон се тарҳи беҳдоштӣ(тандрустӣ) дар Тоҷикистон иҷро мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс қарор аст Ҷопон ҳудуди 280 ҳазор долар барои иҷрои ин тарҳҳо ба Тоҷикистон кумаки ройгон пардохт кунад.
Тафоҳумномаи иҷрои ин тарҳҳо дар дидори  Такаюта Мияшита-сафири Ҷопон дар  Тоҷикистон  бо иҷрокунандагони ин тарҳҳо имзо шуд .
Сохти як маркази дармонӣ дар рустои Навканди ҷамоати Бунҷикати ноҳияи  Шаҳристон ба маблағи ҳудуди 96.8 ҳазор доллар яке аз ин тарҳҳо аст.
Бар асоси ин тафоҳумнома давлати Ҷопон барои хариди таҷиҳзоти пизишкии Маркази миллии илмии саратоншиносии Тоҷикистон ва клиники рақами 13 шаҳри Душанбе низ ҳудуди 180 ҳазор доллар ихтисос дод.

 

Бештар бихонед :

 

 

Барчасп