Ширкати варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72264-Ширкати_варзишкорони_тоҷик_дар_мусобиқоти_қаҳрамонии_бокси_Осиё
Боксёрҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё ширкат мекунанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 19, 2021 19:53 Asia/Dushanbe
  • Ширкати варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё

Боксёрҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё ширкат мекунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии варзиши Тоҷикистон ин мусобиқот аз 20 то 30 август дар Дубай баргузор мешавад .
Тоҷикистон бо 21 варзишкор дар ин мусобиқот ширкат кардааст .
Носирҷон Азимов- сармураббӣ, Муҳаммадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров ва Тоҳирҷон Улуғбеков- мураббӣ ва Комрон Файзов-мудири иҷроии Федерасиюни бокси Тоҷикистон варзишкоронро дар ин рақобатҳо ҳамроҳӣ мекунанд .
Ин рақобатҳо дар 48 вазн ( духтару писар ) баргузор мешавад .
Тибқи эъломи конфедерасиюни бокси Осиё, варзишкорони мутаваллиди 2003 - 2004 дар байни ҷавонон ва 2005 - 2006 дар байни навҷавонони дар ин мусобиқот ҳузур хоҳанд дошт .