Садрнишинии тими футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе дар радабандии мусобиқоти футболи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72410-Садрнишинии_тими_футболи_Истиқлоли_шаҳри_Душанбе_дар_радабандии_мусобиқоти_футболи_Тоҷикистон
Даста(тим)и футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе садрнишини ҷадвали Лигаи бартари футболи Тоҷикистон шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2021 12:03 Asia/Dushanbe
  • Садрнишинии тими футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе дар радабандии мусобиқоти футболи Тоҷикистон

Даста(тим)и футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе садрнишини ҷадвали Лигаи бартари футболи Тоҷикистон шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон, дастаи Истиқлоли шаҳри Душанбе тавонист бо натиҷаи пурголи 4 бар 0 дастаи Файзканди ноҳияи Восеъро аз пеши рӯ бардорад ва садрнишини ҷадвали радабандии Лигаи бартари футболи Тоҷикистон шавад .
Алишер Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров голҳои тими Истиқлолро ба самар расонданд.
Тими футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳозир бо 30 имтиёз садрнишини ҷадвали радабандӣ аст .
Тими футболи " Хуҷанд " ҳам бо ихтилофи як имтиёз дар радаи дувум қарор дорад .
Тими футболи " Истаравшан " низ бо 25 имтиёз ҷойгоҳи сеюми ҷадвали радабандиро ба даст овардааст .