Август 22, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Баҳрамандии 430 ҳазор донишомӯз дар Тоҷикистон аз тарҳи тағзияи солим

430 ҳазор донишомӯз дар Тоҷикистон зери пӯшиши барномаи тағзияи ройгон ҳастанд .

Ба гузориши “Азия плюс”, барномаи тағзияи ройгон аз соли 2013 дар Тоҷикистон иҷро мешавад.

Ин барнома аз соли 2013 бо кумаки молии Русия ва ҳимояти Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Кордори сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон гуфт: Ин барнома дар 2 ҳазор мактаби манотиқи дурдасти вилоёти Бадахшон, Суғд, Хатлон, аз ҷумла навоҳии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Роғун дар ҳоли иҷро аст.

Шамил Шамсиддинов афзуд: Дар сурати мушорикати як мактаб дар барномаи тағзияи ройгон, ҳамаи донишомӯзон аз ин тарҳ баҳраманд хоҳанд шуд ва ниёзе ба ироаи мадрак нест.

Ӯ гуфт: Барои коҳиши пайомадҳои манфии ҳамагирии корона Русия бо ҳимояти барномаи ғизои СММ соли гузашта 1 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак кард ва ҳудуди 20 ҳазор хонаводаи осебпазир, ки фарзандони онҳо аз машмулони барнома ҳастанд, бастаҳои ғизоӣ дарёфт карданд.

Вай идома дод: Ҳамчунин бо ҳимояти Русия ҳашт нонвоӣ низ бо таҷҳизоти пешрафта дар манотиқи Суғду Хатлон ифтитоҳ шуд.

 

Бештар бихонед: