Интиқоли 200 шаҳрванди Ҳиндустон аз шаҳри Душанбе ба Деҳлии нав
200 шаҳрванди Ҳиндустон бо парвозҳои вижа аз шаҳри Душанбе ба Деҳлии нав мунтақил шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ариндом Багчи-намояндаи вазорати умури хориҷаи Ҳиндустон бо эъломи ин матлаб гуфт : Ин теъдод шаҳрванди ҳиндӣ бо ду парвоз аз Кобул ба пойтахти Тоҷикистон мунтақил шуда буданд.
Ҳиндустон яке аз кишварҳое аст, ки дар ҳоли бозгардондани шаҳрвандони худ аз Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон аст .
Ин дар ҳоле аст, ки манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин аз фуруди 4 ҳавопаймои Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Кулоби Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Туркияро аз Кобул ба Тоҷикистон мунтақил карданд, то аз тариқи Тоҷикистон ба кишвари Туркия бозгардонда шаванд .