Афзоиши дубаробарии содироти маҳсулоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ
Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол ҳудуди 1 миллиард доллар коло содир карда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта тақрибан ду баробар аст.
Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ то июли имсол 3 миллиарду 550 миллион доллар будааст, ки 44. 7 дарсад бештар аз шохиси замони мушобеҳи соли 2020 мелодӣ аст.
Беш аз ниме (53 дарсад) аз содироти Тоҷикистон сангҳову филизоти гаронбаҳо ва нимақиматӣ ба арзиши 709 миллион доллар буд.
Ин мизон 2. 3 баробар бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.
Воридоти коло дар ин муддат низ 2 миллиарду 218 миллион доллар баровард шуда, ки 27 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли 2020 мелодӣ буд.
Тоҷикистон бо 112 кишвар доду ситади тиҷорӣ доштааст.