Ироаи тарҳи сохти нерӯгоҳи офтобии 700 мегаваттии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72770-Ироаи_тарҳи_сохти_нерӯгоҳи_офтобии_700_мегаваттии_Тоҷикистон_ба_Бонки_Ҷаҳонӣ
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, тарҳи сохт нерӯгоҳи офтобии 700 мегаваттиро иро кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 28, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи сохти нерӯгоҳи офтобии 700 мегаваттии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, тарҳи сохт нерӯгоҳи офтобии 700 мегаваттиро иро кард.

Ба гузориши сомонаи Авесто, дар дидори Далер Ҷумъа бо Татяна Проскурякова, мудири минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озан Севимли, намояндаи ҷадиди ин ниҳод дар Тоҷикистон мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Дар ин дидор, Далер Ҷумъа, намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо тарҳи сохт нерӯгоҳи офтобии 700 МВт дар Тоҷикистон ошно кард, ки ба унвони бахше аз барномаи истифода аз нерӯҳои таҷдидпазир ва мутобиқ бо муҳити зист, иҷроӣ хоҳад шуд.

Вай хостори кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ барои сохти ин нерӯгоҳ шудааст.

Тарафҳо дар ин дидор ҳамчунин дар бораи раванди сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун баҳсу табодули назар карданд.