Август 28, 2021 11:43 Asia/Dushanbe
  • Қатар бинои ҷадиди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хоҳад сохт

Дар дидори вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Қатар дар Душанбе, мавзӯи сохти бинои ҷадиди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин дидор Сулаймон Зиёзода ва Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдуллоҳ дар бораи эҳдоси бинои ҷадиди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон бо кумаки молии Қатар, баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар бахши кишорвазӣ, кумаки молии Давҳа барои сохти бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, чорвои калон барои зиёд намудани насли хушзоти он, тухмиҳои хушсифати дараҷаи элитаи гандум, картошка, пахта ва дигар зироатҳои афзалиятнок, воридоти нӯриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо барои нест кардани ҳашаротҳои зараррасон аз ҷумла малах, харидорӣ намудани модарзанбур бо мақсади афзоиши истеҳсоли асал ва содиротт он ба Давлати Қатар баррасӣ шуданд.

Сафири Қатар дар Душанбе дар ин дидор даъватномаи кишвараш барои ҳузури Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсӯлоти кишоварзии Қатарро ба Сулаймон Зиёзода таҳвил дод.

 

Барчасп