Мири шаҳри Душанбе бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот мекунад
(last modified Sun, 29 Aug 2021 16:01:02 GMT )
Август 29, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Мири шаҳри Душанбе бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот мекунад

Шаҳрдори Душанбе бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот кард.

Бино ба гузориши Радиои "Садои Хуросон" бо истинод ба шаҳрдории Душанбе, зимни мулоқоти "Ростам Эмамалӣ" бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти сарварии "Татяна Праскорякова", мудири минтақавии ин бонк дар Осиёи Марказӣ, вазъ ва дурнамои фаъолияти шаҳрдории Душанбе ҳамкорӣ бо ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамкории дуҷониба дар татбиқи шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия, инчунин рушди системаҳои рақамӣ дар Душанбе аз мавзӯъҳои асосии музокироти дуҷониба буд.

 Бо амалисозии лоиҳаи таъмини об дар манотиқи Душанбе, ҳудуди 120 ҳазор нафар дар маҳаллаи "Сина" -и Душанбе ба оби тозаи ошомиданӣ дастрас хоҳанд шуд.

Сохтмони як дастгоҳи обтозакунӣ бо зарфияти 500 000 метри мукааб дар як рӯз ва сохтмони "Нерӯгоҳи обтозакунии Варзоб" бо зарфияти 275 000 метри мукааб дар як рӯз аз масоили дигаре буд, ки ду ҷониб баррасӣ карданд.

 Дар ҷараёни мулоқот "Озан Суимли" намояндаи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Маълумоти бештар: