Август 31, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳури Белорус ва сафири Тоҷикистон дар Минск

Раиси ҷумҳурии Белорус дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Минск гуфт, авзои Афғонистон аслитарин мавзӯи нишастҳои Душанбе хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи дафтари раёсати ҷумҳурии Белорус, Александр Лукашенко дар дидор бо Муҳаммадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон дар Минск таъкид кард, ки дар ин ду нишаст мавзӯи кумак ба Тоҷикистон барои тақвияти марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай афзуд: Дар шароити феълии минтақа бояд кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои ирсоли таҷҳизоту таслеҳоти мавриди ниёзи Тоҷикистон ба манзури таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон иқдом кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар дидори раиси ҷумҳурии Белорус ва сафири Тоҷикистон дар Минск роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба низ баҳсу табодули назар шуд.

 

 

 

Барчасп