Сентябр 01, 2021 13:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо муовини дабири кулли СҲИ

Муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) гуфт, Тоҷикистон воқеан биҳишт а​ст ва мардуми он меҳмоннавоз ҳастанд.

Ба гузориши «Ховар», ин матлабро Ҷондас Асанов, муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории иқтисодӣ дар дидор бо Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди саёҳии Тоҷикистон баён кард.

Дар ин дидор тарафайн роҳҳои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи гардишгарӣ дар чорчӯби СҲИ - ро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот Ҷондас Асанов аз давлати Тоҷикистон ба далели созмондеҳӣ ва баргузории матлуби ҷашнвораи байналмилалии «Душанбе - пойтахти гардишгарии ЭКО» ва Маҷмаи байналмилалии «Тавсеаи гардишгарии кишоварзӣ дар Тоҷикистон», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ташаккур кард.

 

Барчасп