Сентябр 01, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон аз гимназияи №4 дар Рӯзи Дониш
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон аз гимназияи №4 дар Рӯзи Дониш

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.

Ба гузориши сомонаи «Азия плюс», раисҷумзур ин пешниҳодро имрӯз, 1 сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ироа кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки ҳукумат ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он таваҷҷуҳи хосе зоҳир менамояд, вале яке аз мавзӯҳои ҳалталаб дар ин самт буҷету вақт ва оғозу анҷоми соли таҳсил мебошад.

Ӯ гуфтааст, ки имсол низ бо назардошти тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва паҳншавии мавҷи нави бемории зикршуда тибқи дастури Ҳукумати кишвар анҷоми дарсҳо аз 14-уми июн ба 7-уми июн гузаронида шуд.

Баҳс сари хотимаи дарсҳо аз чанд вақти пеш идома доштааст. Чанд соли пеш дарсҳо дар муассисаҳои омӯзишии Тоҷикистон 25 май ба итмом мерасид. Баъдан, ба хотири сардиҳои зимистон, ин сана ба 1 июн тағйир ёфт. Сипас ба 7 июн ва ахиран ба 14 июн тағйир карда буд, ки боиси норизоятии волидайн гашта буд.

 

Барчасп