Сентябр 02, 2021 09:17 Asia/Dushanbe
  • Сохти таъсисоти ҷадид дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон

Амрико таъсисоти ҷадид дар навоҳии марзии Тоҷикистон ва Афғонистон месозад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар баёнияе аз сохти таъсисоти ҷадиди марзбонӣ дар хати марзии Тоҷикистон, Афғонистону Узбекистон хабар дод.

Сафорати Амрико ҳамчунин эълом кард, ин иқдом ба фармондеҳони нерӯи марзбонии Тоҷикистон иҷоза медиҳад дар сӯрати ҳар гуна таҳдид нерӯҳои худро дар манотиқи марзӣ мустақар кунанд.

Дар ин баёния омадааст, сафорати Амрико дар Душанбе тарҳи эҳдоси таъсисоти ҷадид барои қисми марзӣ дар Айвоҷ дар имтидоди хати марзии Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбекистонро оғоз кардааст.

Ин таъсисоти ҷадид ҷойгузини баталиони Шаҳритӯс мешавад.

Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон мегуяд, Амрико ва Тоҷикистон дар заминаи масоили амниятӣ, ҳамкории наздикӣе доранду тарҳи тақвияти амнияти марзҳо, фақат як намӯна аз иқдомоти Амрико дар қиболи амнияту ҳокимияти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аст.

Вай хотирнишон кард, ки аз соли 2002, Амрико ҳудуди 300 миллиондоллар тарҳи амниятӣ дар Тоҷикистон иҷро кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин тарҳҳо шомили бозсозии 12 посгоҳи марзӣ, 9 истибозрасӣ ва се маркази омӯзишӣ барои марзбонон будааст.

 

Барчасп