Сокинони вилояти Суғд парвоз аз Тошканд ба Русияро тарҷеҳ медиҳанд
(last modified Fri, 03 Sep 2021 15:54:40 GMT )
Сентябр 03, 2021 20:54 Asia/Dushanbe
  • Сокинони вилояти Суғд парвоз аз Тошканд ба Русияро тарҷеҳ медиҳанд

Сокинони вилояти Суғд тарҷеҳ медиҳанд, ки барои рафтан ба Русия аз хадамоти фурудгоҳи Тошканд, пойтахти Узбакистон истифода кунанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, теъдоди зиёде аз сокинони вилояти Суғд бо убур аз гузаргоҳҳои марзии ноҳияҳои Мастчоҳ ва Конибодом, худро ба Тошканд мерасонанд то аз пойтахти Узбакистон барои кор ба Русия раванд. Зеро қимати билети парвоз аз Тошканд ба Маскав барои ҳар мусофир 4 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин шохис дар парвози Хуҷанд ба Маскав 5 ҳазору 500 сомонӣ эълом шудааст.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Хутути ҳавоии Сибир” –и Русия мегӯянд, ки қимати хадамот дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва нархи бензин дар муқоиса бо Узбакистон боло мебошад, ки рӯйи қимати билет таъсир мегузорад ва мусофирони тоҷик тарҷеҳ медиҳанд, ки барои сафар ба Русия аз фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя истифода кунанд.