Идомаи сукунати сокинони вилояти Суғд дар ноҳияи Данғара
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълом кард, ки 43 хонавода аз вилояти Суғд ҳозир шудаанд, ки ба ноҳияи Данғара кӯч карда ва дар ин минтақа зиндагӣ кунанд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Зайнура Шарифӣ гуфтааст, ки “13 оила аз шаҳри Исфара ба ноҳияи Данғара, 11 оила аз ноҳияи Спитамен ба ноҳияи Зафаробод, 25 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросон ва 30 оилаи дигар аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Данғара дар нақша гирифта шудааст”,
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 низ як хонавода аз вилояти Суғд ба ноҳияи Данғара кӯч дода шуданд.
Шарифӣ таъкид кард, ки вуҷӯди заминҳои зиёди кишоварзӣ ва оби фаровон мӯҷиби муҳоҷирати сокинони вилояти Суғд ба ноҳияи Данғара шудааст, ки ба нерӯи кор ниёз дорад. Аммо дар шимоли Тоҷикистон баръакс тарокуми ҷамъият зиёд мебошад, ки бо ин иқдом заминаи эҷоди тавозун дар манотиқи шимолу ҷануби Тоҷикистон фароҳам мегардад.