Сентябр 04, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Душанбе мизбони ҷашнвораи дӯстии кӯдакон ва навҷавонони ИДМ

Бо дастури шаҳрдори шаҳри Душанбе, ҷашнвораи байналмилалии дӯстии кӯдакону навҷавонони кишварҳои ИДМ(Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) бо унвони «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор мешавад.

Ба гузориши Форс, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе иблоғияи созмондеҳии ҷашнвораи байналмилалии дӯстии кӯдакону навҷавонони ИДМ-ро имзо кард.

Ин ҷашнвора 20 - 24 сентябр баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора эҷоди шароити муносиб барои тақвияти равобити дӯстии байни кӯдакону навҷавонони ҷомеъаи ИДМ аст.

Ҳамчунин тарвиҷи арзишҳои инсонӣ, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва эҳтиром ба одобу русӯми мутақобил, фарҳангҳо ва тамаддунҳо, табодули иттилоот ва таҷруба байни муассисоти омӯзиши умумӣ ва изофии кишварҳои ИДМ аз дигар аҳдофи баргузории ин ҳамоиш эълом шудааст.

 

Барчасп