Ташкили давлати фарогир дар Афғонистон; хостаи Тоҷикистон
(last modified Mon, 06 Sep 2021 09:29:43 GMT )
Сентябр 06, 2021 14:29 Asia/Dushanbe
  • Ташкили давлати фарогир дар Афғонистон; хостаи Тоҷикистон

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ташкили давлати фарогир дар Афғонистонро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷонибек Ҳикмат дар барномаи гуфтугӯҳои таъомулӣ бо мавзӯи Афғонистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ташкили давлати фарогир дар ин кишварро ба нафъи ҳамаи мардуми Афғонистон донист .
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Миллал ҳамчунин афзуд: Паёмадҳои авзоъи ба вуҷуд омада барои занону духтарон дар Афғонистон ва масоили муртабит бо ҳуқуқи башар ва интиқомҷӯиро бояд ба диққат баррасӣ кард .
Дар охирин таҳаввулоти дохилии Афғонистон вилояти Панҷшер дар шимолу шарқии ин кишвар ба гуфтаи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи гуруҳи Толибон ба контроли неруҳои толибонӣ даромадааст. Агар чи неруҳои мухолифи Толибон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд суқути комили вилояти Панҷшерро рад мекунанд .
Мухолифони гуруҳи Толибон ба раҳбарии   Аҳмади Масъуд-фарзанд Аҳмадшоҳи Масъуд- қаҳрамони миллии Афғонистон ҳудуди як ҳафта бо неруҳои Толибон дар набард аст.
Неруҳои гуруҳи Толибон 15 август вориди Кобул ( пойтахти Афғонистон ) шуданд ва Муҳаммад Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳамзамон бо вуруди ин неруҳо аз Кобул фирор кард ва давлати вай суқут кард . Гуруҳи Толибон муддаъии ташкили давлати фарогир дар Афғонистон аст .



Бештар бихонед: