Сентябр 07, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои 10 мошини хадамоти ташрифот ба Ҳукумати Тоҷикистон

Мудирияти ширкати муштараки маъданҳои кӯҳии Тоҷикистону Чин ба муносибати 30 - юмин солгарди истиқлоли ин кишвар, 10 мошини модели хориҷиро барои хадамот ба меҳмонони хориҷии ширкаткунанда дар ин ҷашн ва 20 - умин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай эҳдо кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, ин мошинҳо барои интиқоли меҳмонони хориҷӣ, ки дар ин ду ҷашн дар Душанбе ширкат мекунанд, аз сӯи хадамоти ташрифоти ҳукумати Тоҷикистони истифода хоҳад шуд.

Таъкид шудааст, ки акнун беш аз 4 ҳазор коргари тоҷик дар марказҳои тавлидии ширкати муштараки маодини кӯҳии Тоҷикистон ва Чин фаъолият мекунанд, ки тайи 14 сол ба буҷети ҳукумати ин кишвар маблағи 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ молиёт пардохт шудааст. Ҳамчунин барои ҳимоят аз барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон 165 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Фаъолияти ширкати муштараки маодини кӯҳии Тоҷикистон ва Чин намунаи муваффақи ҳамкориҳои ин ду кишвар дар чорчӯби СҲШ мебошад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп