Тазриқи воксани корона ба 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон
Сентябр 08, 2021 09:48 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар ин кишвар дозаи аввали воксани корона тазриқ карданд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то сешанбеи 7 сентябр 1 миллиону 77 ҳазор нафар дар кишвар низ дозаи дувуми воксани корона тазриқ шудааст.
То ба ҳол Тоҷикистон 4 миллиону 800 ҳазор доза ваксинаи корона аз хориҷ ворид кардааст.
Бар асоси барномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тамоми шаҳрвандони болои 18 соли ин кишвар бояд воксани корона тазриқ кунанд.
Бештар бихонед:
- 5 воксани эронӣ дар феҳристи номзадҳои воксани Ковид - 19 СҶБ
- Куба ба унвони аввалин кишвар ба кӯдакони воксан тазриқ кард