Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Канада дар мавриди вазъияти Афғонистон
Сентябр 08, 2021 15:31 Asia/Dushanbe
Мақомоти Тоҷикистону Канада дар мавриди вазъияти Афғонистон ва амнияти минтақа гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши «Ховар», Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Марк Гарно, вазири умури хориҷаи Канада телефонӣ гуфтугӯ кард.
Дар ин гуфтугӯ мавзӯоти ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Канада, аз ҷумла дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона баррасӣ шуд.
Тарафайн дар мавриди вазъияти Афғонистон табодули назар ва омодагии худро барои тақвияту густариши ҳамкориҳо дар қолаби минтақаӣ ва байналмилалӣ ба манзури таъмини амнияти минтақа эълом карданд.
Барчасп