Дар шарқи Тоҷикистон заминларза ба амал омад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i73336-Дар_шарқи_Тоҷикистон_заминларза_ба_амал_омад
Дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи 5,5 дараҷа рух дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 08, 2021 22:10 Asia/Dushanbe
  • Дар шарқи Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи 5,5 дараҷа рух дод.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, заминларза ба шиддати 5,5 дараҷаи Рихтер дар шарқи Тоҷикистон соъати 10:20 ба вақти маҳаллӣ такон хӯрд.

Маркази заминларза дар 71 километрии ҷануби Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон будааст.

Шиддати заминларза 5,5 ва умқи он 10 километр буд.

То ҳол дар бораи талафот ва хисороти молӣ дар пайи заминларза маълумоте дастрас нест