Сентябр 09, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • Шарҳи қонуни ҷадиди афви умумии Тоҷикистон

Ҳуқуқдони тоҷик ҷузъиёти қонуни ҷадиди афви умумии Тоҷикистонро, ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли ин кишвар тасвиб шуд, тазевҳ дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Дилшод Ҷӯраев гуфт, ин қонун шомили афроде, ки муттаҳам ба фаъолиятҳои террористӣ ва ифротгарӣ, ҷазби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ, мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ, маҳкӯм шудагон ба зиндони абад, намешавад.

Ӯ афзуд, аммо афроде, ки муттаҳам ба доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ ва қавмӣ ҳастанд агар ҳукми онон 20 сол бошад 4 сол коҳиш меёбад.

Ҳуқуқдони тоҷик идома дод, барои афроде. ки ҳукми маҳкӯмияти онон зери 20 сол аст ҳам коҳиши 3 сола дарназар гирифта шудааст.

Ҷӯраев таъкид кард, ин қонун шомили тахфифи муҷозот барои ду муовини ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ, ки ба ҳабси абад маҳкӯм шуданд, намешавад.

Ӯ изҳор кард, шояд барои дигар аъзои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон коҳиши муҷозот то 4 сол иҷро шавад.

 

Барчасп