Сентябр 10, 2021 20:52 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 12 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 12 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар кишвар шиносоӣ шуд.

Бо эҳтисоби ин 12 бемор, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 54 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 915 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш, тайи шабонарӯзи ахир, 41 нафар аз беморони мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтшудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.

Мақомҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки агар дар ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар ин кишвар рӯзона ҳудуди 70 нафар бемор шиносоӣ мешуд, ин теъдод акнун ба рӯзона ба зери 20 нафар коҳиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп