Ба шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти омӯзишӣ ҷудо кунед
(last modified Sat, 11 Sep 2021 11:36:19 GMT )
Сентябр 11, 2021 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ба шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти омӯзишӣ ҷудо кунед

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти таҳсилӣ ҷудо намуд.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Роҳи Абрешим»-и Ҷумҳурии Узбекистон 4 гранти таҳсилӣ  барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ҷудо намудааст, иттилоъ доданд аз Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати 

Барои ҳуҷҷатсупорӣ довталаб бояд сараввал дар вебсайти донишгоҳ http://admissions.univ-silkroad.uz/ худро номнавис намояд. Сипас ҳуҷҷатҳои худро (бо шакли PDF) ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ супорида, дар марказ низ сабти ном намояд.

Бояд гуфт, ки дарсҳо ба забони англисӣ буда, довталабон бояд забони англисиро мукаммал донанд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро то 16 сентябр ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар  шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: [email protected] тамос гиранд.