Сентябр 12, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти низомӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Русия таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон ирсол кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Райтер,Вазорати дифои Русия эълом кард 12 худрави зиреҳӣ ва маҷмӯъае аз таҷҳизоти низомиро ба Тоҷикистон ирсол кардааст .
Бар асоси эъломи манбаъ ин иқдоми Русия бо ҳадафи тақвияти низомии Тоҷикистон ба унвони муттаҳиди худ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамсояи Афғонистон будааст .

  • Генерал Евгений Синдякин-аз мақомоти Вазорати дифои Русия дар ин бора гуфт : Бо тавваҷуҳ ба афзоиши бесуботии наздики марзи ҷанубии Тоҷикистон, мо барои тазмини амнияти муттаҳидони худ бо онҳо ҳамкорӣ мекунем .

Ин дар ҳолест ки дар ҳафтаҳои гузашта  размоиши низомии қисмҳои танкии артиши Русия дар Тоҷикистон ва наздики марз бо Афғонистон оғоз шуд.
Ин размоиш дар хоки Тоҷикистон ба муддати як моҳ идома дорад ва таи он пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон низ тақвият мешавад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп