Сентябр 12, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории 31 шаҳрванди тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Маскав

Консули сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз як боздоштгоҳи муваққатии пойтахти Русия боздид кард .

Дар ин боздоштгоҳ 31 нафар аз шаҳрвандони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия дар дидори консули сафорати Тоҷикистон дар Русия бо коркунони ин боздоштгоҳ санадҳои ихроҷи ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба иттиҳоми поймолсозии қонуни кор ва иқомат дар Русия баррасӣ шуд.
Консули сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав эълом кард сафоратхона баргаҳои хурӯҷи 29 нафар аз ин афродро ройгон таҳия кардааст ва мароҳили идории истирдоди онон ба Тоҷикистон дар ҳоли анҷом аст .
Ҳамчунин дар ин боздид ба ин теъдод аз шаҳрвандон дар бораи қонунҳои муҳоҷирату кор дар Русия мушовираи ройгон дода шуд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп