Касби 14 нишони рангоранги дастаи Тоҷикистон дар рақобатҳои варзишии кишварҳои ИДМ
(last modified Sun, 12 Sep 2021 10:16:14 GMT )
Сентябр 12, 2021 15:16 Asia/Dushanbe
  • Касби 14 нишони рангоранги дастаи Тоҷикистон дар рақобатҳои варзишии кишварҳои ИДМ

Дастаи Тоҷикистон 14 нишони рангоранг дар бозиҳои кишварҳои ИДМ ба даст овард .

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин бозиҳо 4 сентябр оғоз ва 11 сентябр ба поён расид.
Варзишкорони тоҷик дар ин рақобатҳо муваффақ шуданд 7 нишони нуқра ва 7 нишони бринҷӣ ба даст оваранд.
Тоҷикистон бо 51 варзишкор дар риштаҳои варзишии бадминтон, бокс, бокси таиландӣ, гимнастика, куштӣ, каратэ, кураш, самбо,  ва тенниси рӯйи миз дар ин рақобатҳо ширкат кард .
1000 варзишкори 14 то 23 сола аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ин бозиҳо ҳузур доштанд .