Ноябр 06, 2016 10:09 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз сарнавишти нашрияи “Нигоҳ”

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори баёнияи муштарак бо ибрози нигаронӣ аз қатъи интишори ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" аз ҳукумати ин кишвар дархост кардаанд, ки аз маҳдуд намудани фаъолияти расонаҳои мустақил ҷилавгирӣ ба амал оварад.

Ба гузориши сойти Озодагон, дар баёнияи Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи ин кишвар таъкид шудааст, бо қатъи интишори ҳафтаномаи мустақили “Нигоҳ”, фазои иттилорасонии ин ҷумҳурӣ маҳдудтар ва рақобати расонаҳо низ коҳиш меёбад.

Дар ин баёнияи муштарак бо ишора ба хадамоти ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ", тайи 10 соли ахир барои густариши фазои иттилорасонӣ дар Тоҷикистон, аз мавозеи бархе аз мақомоти ҳукуматӣ дар қиболи матолиби ин нашрия интиқод шудааст, ки тавони шунидани ҳарфи ҳаққро надоранд. Зеро дар ин муддат талошҳои зиёде барои тарсондани рӯзноманигорон ва кормандон ва таҳти нуфузи хеш қарордодани ин ҳафтанома ба сабт расидааст. Аз дидгоҳи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, қатъи интишори ҳафтаномаи мустақили “Нигоҳ”, ба ҷойгоҳи сиёсии ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки муддаи тазмини қонунӣ ва ҳуқуқии фаъолияти нашриёти мустақил мебошад, хадша ворид хоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл, Фаридуни Раҳнавард-мудири масъули нашрияи мустақили "Нигоҳ" бо интишори иттилоияе таъкид карда буд, ки ба сабаби вуҷуд надоштани шароити фаъолияти созанда, интишори ин ҳафтанома мутаваққиф  мешавад.

Дар ин иттилоия дар бораи далоили таваққуфи интишори ин ҳафтанома, тавзеҳи бештаре дода нашуда, аммо коршиносон ва фаъолони расонаии Тоҷикистон муътақиданд, ки ин иқдом бо интишори матолиби интиқодӣ ва таҳлилӣ аз амалкарди ҳукумати Тоҷикистон иртибот дорад, зеро фазои феълии сиёсии кишвар, чунин матолиберо бар наметобад.