Сентябр 12, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти тоҷикони ИМА аз “Панҷшеру Афғонистон”

Ҷамъияти тоҷикистониҳои ИМА рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар назди СММ бо даъват ба сулҳ дар Афғонистон таҷаммӯъ карданд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба як манбаи хабарии Осиёи МарказӣҶамъияти тоҷикистониҳои ИМА рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар назди СММ бо даъват ба сулҳ дар Афғонистон таҷаммӯъ карданд.

Абдураҳим Умариён, журналисти тоҷик ва яке аз ташаббускорони ин раҳпаймоӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ саҳнаҳои ба сӯи қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк қадам задани гурӯҳи фаъолони тоҷики муқими ин шаҳрро намоиш дод, ки дар даст шиору навиштаҷоти мисли «Сулҳ ба Афғонистон», «Аҳмад Масъуд ва Панҷшерро бо «Толибон»-и террорист танҳо нагузоред», «Адолат дар Панҷшер» доштанд.

Шиори «Ҳаёти панҷшериҳо ҳам муҳим аст», ки дар дасти яке аз ширкатдорони ин раҳпаймо буд, ишора ба даъвати ду соли охир дар ҷомеаи Амрико мекард, ки дар робита бо поймолшавии ҳуқуқи африқоитаборон дар ИМА «Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст» («Black life’s matter”) пайдо шуд.

Бархе ширкатдорони ин раҳпаймоӣ парчами Тоҷикистонро дар даст доштанд. Ин нахустин гирдиҳамоии як гурӯҳи ҷомеаи тоҷикистониҳо дар хориҷи кишвар ба ҳимоят аз Афғонистон мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ҳеҷ сурат ҳукумати «Толибон»-ро эътироф намекунад.

Барчасп