Рушди иқтисодии Тоҷикистон тибқи Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Mon, 13 Sep 2021 16:47:02 GMT )
Сентябр 13, 2021 21:47 Asia/Dushanbe
  • Рушди иқтисодии Тоҷикистон тибқи Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, содироти сангҳои қиматбаҳо ва сармоягузории бахши хусусӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Бонки Ҷаҳонӣ хабар дод, ки иқтисоди Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон пас аз бӯҳроне, ки аз тавсеаи Ковид 19 дар соли 2020 ба вуҷуд омадааст, тақрибан 9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, азсаргирии парвозҳо ба Русия имкон дод, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар сафар кунанд, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро афзоиш дод ва зиндагии оилаҳои тоҷикро беҳтар кард.

Чин аз аввали соли ҷорӣ бузургтарин сармоягузори иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад.