Насби овезаҳои роҳнамоӣ дар метрои Маскав ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ
(last modified Tue, 14 Sep 2021 06:52:07 GMT )
Сентябр 14, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Насби овезаҳои роҳнамоӣ дар метрои Маскав ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ

Мақомоти шаҳрдории Маскав иқдом ба насби таблуҳои роҳнамоӣ дар метрои пойтахти Русия ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи «Газета», барои осонсозӣ дар рафтуомади коргарони муҳоҷири тоҷику ӯзбак дар метрои Маскав акнун таблуҳои роҳнамоӣ ба ду забони тоҷикӣ ва ӯзбакӣ дар канори русӣ ба ин афрод кумак хоҳад кард то масири ҳаракати худро зудтар пайдо кунанд.

Маскав ба шиддат бо камбуди коргарони муҳоҷир рӯ ба рӯ мебошад ва Владимир Ефимов, муовини шаҳрдори пойтахти Русия мегӯяд, ки ниёзи мубрам ба 200 ҳазор коргари муҳоҷир дар бахши хадамоти шаҳрӣ вуҷуд дорад.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки бо фурӯкаш кардани буҳрони вируси корона дар ояндаи наздики вуруди ин афрод афзоиш ёбад ва камбуди коргарони муҳоҷир низ ҷуброн шавад.

 

Бештар бихонед: