Июл 26, 2016 10:29 Asia/Dushanbe
  • Чаҳорсад ҳазор доллар кӯмаки Созмони ҷаҳонии ғизо барои амнияти ғизоии Тоҷикистон

Созмони ҷаҳонии ғизо 400 ҳазор доллар барои таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон ва тадвини барномаи миллӣ дар ин замина кӯмак кардааст, вале давлати Тоҷикистон ин кӯмакро кофӣ намедонад.

Мудири дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон аз кӯмаки 400 ҳазор долларии ин созмон барои таъмини амнияти ғизоии мардуми ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши "СА нюс", Виорел Гутсу, мудири дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон дар дидор бо Азим Иброҳим, муовини нахуствазири ин кишвар гуфт, ин мизон эътибор барои тадвини Барномаи миллии таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Гутсу афзуд, барои тадвини ин барнома мутахассисони хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, ин барнома дар чанд марҳила шомили ислоҳот дар сохторҳои иқтисодӣ, омӯзиши мутахассисон бар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва роҳандозии озмоишгоҳҳои пешрафта иҷро мешавад.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ҳам дар ин дидор гуфт, ки ихтисоси 400 ҳазор доллар барои тадвини Барномаи миллии таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон кофӣ нест.

Бар асоси омори марокизи пажӯҳишӣ, танҳо 40 дарсад аз ниёзи мардуми Тоҷикистон ба маводи ғизоӣ аз захоири дохилӣ таъмин ва бақия аз кишварҳои хориҷӣ, ба вижа Чин ворид мешавад.

 

Барчасп