Вокуниши давлати Тоҷикистон ба суханони Ҷо Байден
(last modified Tue, 14 Sep 2021 08:59:10 GMT )
Сентябр 14, 2021 13:59 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши давлати Тоҷикистон ба суханони Ҷо Байден

Рӯзи 14 сентябри соли 2021 Ҷон Марк Поммершайм, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид.

Ба гузориши сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ба сафири Амрико дар хусуси суханони Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд.

Дар ин ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.

Чанд рӯзи пеш Ҷо Байден дар боздид аз маркази оташнишоние дар Пенсилвания, бо дифоъ аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон гуфта буд: Вазъияти одамоне, ки дар талоши фирор аз Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул ба ҳавопаймоҳои низомии Амрико часпида, сипас сарозер шуданд, имкон дорад дар Тоҷикистон такрор шавад.