Сентябр 15, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Эрон панҷшанбе дар нахустин сафари хориҷии худ, роҳии Тоҷикистон мешавад.

Ба гузориши рӯзномаи «Ҳамшаҳрӣ», Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сайид Иброҳими Раисӣ даъват кард то барои ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ба ин кишвар сафар кунад.

Ба ин тартиб, раиси ҷумҳурии Эрон панҷшанбе Теҳронро барои нахустин сафари хориҷии худ тарк мекунад ва ҳайате баландпоя аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодӣ низ ӯро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Созмони Ҳамкории Шанхай аз соли 2005 бо ҳадафи муқобила бо терроризм ва ҳамкории физояндаи иқтисодӣ эҷод шудаву Эрон низ то имрӯз яке аз аъзои нозири он будааст.

Аммо тибқи гузоришҳо қарор аст дар иҷлоси пеширӯ дархости Эрон барои узвияти доим дар ин созмон баррасӣ шавад.

Аъзои доими ин созмон Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон ҳастанд, ки аз ин миён Покистон ва Ҳинд соли 2017 ба узвияти он даромаданд.

Бисёре аз коршиносон муътақид ҳастанд, ки узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай абъоди муҳими амниятӣ ва иқтисодӣ дорад.

Изҳори назарҳои мақомҳои дохилӣ ва хориҷӣ низ ҳокӣ аз он аст, ки дархости Эрон барои узвият дар ин созмон саранҷом ниҳоӣ хоҳад шуд.

Қаблан дар баробари таъйиди ин хабар аз сӯи Алии Шамхонӣ, дабари Шурои олии амнияти миллии Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, чанд  рӯзи пеши рӯзномаи русии «Коммерсант» низ ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, ки мароҳили узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар иҷлоси Тоҷикистони оғоз хоҳад шуд ва аъзо пазириши узвияти Эронро эълом мекунанд.

Аммо дар канори мавзӯи узвияти Эрон дар СҲШ, дидорҳои дуҷонибаи раисони ҷумҳуриҳо низ дар ҳошияи ин иҷлос аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.

Ҳарчанд ҷузъиёти дақиқе аз сифати ин дидорҳо мунташир нашуда, аммо сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфта ки барномарезиҳо дар ин замина тавассути дӯстони мо ва ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар ҳоли анҷом аст.

Ба назар мерасад, ки Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷа низ аз ҳамроҳони раиси ҷумҳурии Эрон дар ин иҷлоси дурӯза бошад, зеро сафари ӯ ба Ҳинд ба далели ин иҷлос ба таъхир афтод.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп