Ноябр 06, 2016 10:48 Asia/Dushanbe
  • Шарти Русия барои идомаи парвози ҳавопаймоҳо бо Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки музокироти мақомоти вазоратҳои ҳамлу нақли Русия ва Тоҷикистон дар бораи поён додан ба ихтилофи назари ду кишвар, бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Маскав ва Душанбе дар пойтахти Русия идома дорад, Маскав дар ин гуфтугуҳо шароити хешро матраҳ кардааст.

Ба гузориши сойти хабаргузории русии "ТАСС", равобит умумии Вазорати ҳамлу нақли Русия бо таъйиди идомаи музокироти ҳайтҳои русӣ ва тоҷикистонӣ дар Маскав таъкид кардааст, ки ин кишвар аз мавзеи хеш дар қиболи мавзуи парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский дар атрофи пойтахти Русия, ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Қаблан мақомоти ин вазоратхона таҳдид карда буданд, ки агар масъулини ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мавзуи ҳамоҳангӣ бо Маскав дар заминаи парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковскиро то рӯзи ҳаштуми ноябри 2016 ҳал накунанд, иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар қатъ хоҳад шуд. Ин  дар ҳоле аст, ки мақомоти масъул дар идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, рӯзи 24 ноябрро ба унвони таърихи оғози гуфтгӯҳои ду ҷониба барои ҳалли ин ихтилофи назар таъйин карда буданд, таҳдиди Русия бинобар қатъи иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар, дар рӯзи ҳаштуми ноябр 2016, намояндагони ширкатҳои хадамоти ҳавоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр"-ро водор ба сафар ба Маскав кардааст.

Чанд рӯз қабл, Муҳаммадюсуф Раҳмонов- мудири идораи ҳавопаймоии  Тоҷикистон-вобаста ба Вазорати ҳамлу нақл гуфта буд, ки парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи ҷадиди Русия ба Тоҷикистон ба зиёни ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик тамом хоҳад шуд ва танҳо ширкатҳои русӣ аз афзоиши парвозҳо суд мебаранд. Зеро бо фарорсидани фасли сармо, муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо мусофири кофӣ барои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия вуҷуд надорад.