Шиносоӣ нашудани мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар шабонарӯзи гузашта, мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид 19 дар ин кишвар шиносоӣ нашуд.
Теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 84 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 948 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Теъдоди фавтшудагони беморони корона бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин аз вуруди 4 миллиону 1540 доз воксани корона ба ин кишвар аз тариқи барномаи Квокс хабар додааст.
Бар ин асос то 17 сентябри соли ҷорб 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар дози нахуст ва 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар дози дувуми онро дар Тоҷикистон дарёфт кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар бояд тамомии афроди балои 18 сол воксани корона дарёфт кунанд.
Бештар бихонед: