Сентябр 19, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Саронаи поини тавлиди гӯшт дар Тоҷикистон

Саронаи тавлиди гӯшт дар Тоҷикистон бисёр поинтар аз миёнгини тавлиди ҷаҳонӣ аст .

Ҳамакнун дар Тоҷикистон барои ҳар нафар 19 килограм гӯшт дар сол тавлид мешавад; дар ҳоле ки ин мизон бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ 40 килограм барои ҳар фард аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, дар ҳоле ки бар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ солона дар Тоҷикистон бояд 380 то 385 ҳазор тон гӯшт тавлид шавад ин мизон дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ фақат 88 ҳазор тон будааст .

Сулаймон Зиёзода-вазири кишоварзии Тоҷикистон мегуяд бо баҳрабардорӣ аз марокизи парвариши анвоъи чорво ва ҳавзҳои парвариши моҳӣ мизони тавлиди гӯшти ҷорво,мурғ ва моҳӣ афзоиш хоҳад ёфт . Ӯ афзуд : Бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон таи солҳои 2021 то 2023 тавлиди гӯшт бояд ба 290 ҳазор тон дар сол бирасад .

 

Барчасп