Сентябр 19, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Покистон аз расондани паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Толибон хабар дод

Нахуствазири Покистон эълом кард паёми раиси ҷумҳӯри Тоҷикистонро ба гуруҳи Толибон расондааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Имрон Хон дар сафҳаи Тветтир навишт : Пас аз дидор бо сарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва музокираи тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтугӯ ва ройзаниҳо бо Толибон барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон оғоз шуд .
Вай таъкид кард дар давлати ҷадиди Афғонистон бояд намояндагони қавмиятҳои тоҷик, ҳазоразбек ва дигар миллиятҳои ин кишвар ҳузур дошта бошанд .

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон дар нишасти муштараки хабарӣ гуфта буданд, ки барои поён додан ба ихтилоф миёни гуруҳи Толибон ва мухолифони онон аз вилояти Панҷшер тасмим гирифта шуд, ки гуфтугӯҳои онон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

 

Барчасп