Талоши Эрону Тоҷикистон барои расидан ба мубодилоти 500 миллионевроӣ
(last modified Mon, 20 Sep 2021 04:35:50 GMT )
Сентябр 20, 2021 09:35 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард то як соли оянда сақфи мубодилоти ду кишвари Эрону Тоҷикистон ба 500 миллион евро бирасад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Эрон дар Тоҷикистон шомгоҳи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи як телевизиони Эрон дар бораи имзои 8 санади ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Сайидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ва таъсири он бар равобити ду кишвар афзуд : Моҳияти иқтисоди Эрону Тоҷикистон мукаммили ҳам аст, аммо акнун ба иллати мушкилоте монанди транзит дар зарфияти матлуб нест, ки умедворем то соли оянда сақфи мубодилоти ду кишвар ба 500 миллион евро бирасад .
Собирӣ бо баёни инки дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ алоқамандии мардуми ду кишвар ба истифода аз колоҳои якдигар ، омили муҳимме аст, афзуд : Дар бисёре аз ҳавзаҳои хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба Тоҷикистон содирот дорем ва аз ин кишвар пахта ва алюминий ба Эрон ворид мешавад .
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт : Мардуми Эрону Тоҷикистон ба сафар ба ин ду кишвар алоқаманд ҳастанд ва тамоюли мардуми Тоҷикистон ба анҷоми гардишгарии саломат дар Эрон,зарфияти бисёр хубе аст, ки агар битавонем мавонеъи мавҷудро бартараф кунем дар заминаи гардишгарӣ ба таҳаввули чашмгире хоҳем расид .



Бештар бихонед :