Ноябр 06, 2016 20:50 Asia/Dushanbe
  • Э. Раҳмон дар бораи пайгирии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар ҷаҳон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар талоши ин кишвар барои кӯмак ба барқарории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе дар бистудуввумин солрӯзи тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон гуфт, давлати ин кишвар бар асоси ин қонун, ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ мекунад.

Раҳмон бо ҳушдор дар бораи вазъияти печидаи ҷаҳонӣ афзуд, танҳо роҳи тақвияти заминаҳои адолати иҷтимоӣ, пойбандии ҳар шаҳрванд ба риояти усули Қонуни асосӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи май, натиҷаи ин ҳамапурсиро ҳосили фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулиятпазирии болои шаҳрвандон донист.

Маврид ба зикр аст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон шашуми ноябри соли 1994 тасвиб ва ин рӯз дар тақвими ин кишвар таътил эълом шудааст.

Ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи январи имсол дар порлумони ин кишвар баррасӣ ва рӯзи 22 май бо раъйи мардум тасвиб шуд.