Сентябр 22, 2021 14:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав

Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодӣ дар Маскав намоиш дода мешавад.

Ба гузориши “Ховар”, панҷоҳушашумин намоишгоҳи нассоҷӣ ва саноеи сабуки “Textillegprom” аз 21 то 24 сентябр дар ғурфаҳои 55 ва 57 Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Маскав барпо мешавад.

Дар ин намоишгоҳ 350 ширкат аз 28 минтақаи Русия ва 20 кишвари дунё ширкат хоҳанд кард.

10 ширкати дохилии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳузур хоҳанд дошт.

 

Бештар бихонед: