Сентябр 22, 2021 16:09 Asia/Dushanbe
  • Суханронии вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳамоиши таъмини амният дар Афғонистон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳамоиши таъмини амният дар Афғонстон ширкат ва суханронӣ кард.

Сироҷиддини Муҳриддин барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар кардааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин ҳамоиш ба ибтикори Себостиян Куртс, нахуствазири Австрия баргузор шуд, ки Сироҷиддтни Муҳриддин дар суханоне мавзеи Тоҷикистонро дар бораи авзои Афғонистон эълом кард.

Вай таъкид кард, танҳо роҳи барқарории сулҳ дар Афғонистон ташкили давлати фарогир бо мушорикати тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аст.

Муҳриддин афзуд: Бояд ба ҳуқуқи занон дар ин кишвар эҳтиром гузошта шавад.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт: 46 дарсади мардуми Афғонистон тоҷик ҳастанд ва бояд ин мавзуъ дар ташкили давлати фарогир дар ин кишвар мадди назар қарор гирад.

Сироҷиддини Муҳриддин ҳамчунин хостори расонидани кумакҳои фаврии башардӯстона ба мардуми вилояти Панҷшери Афғонистон шуд.

Вай ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст бо вузарои умури хориҷаи Австрия ва Норвегия дидор ва дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва авзои Афғонистон баҳсу табодули назар кард.