Истиқболи Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз ҳамкории муштараки тиҷорӣ бо гурӯҳи Баҳман
Чигунагӣ ва наҳваи таомули иқтисодии давлати Тоҷикистон бо гуруҳи Баҳман аз ҷумлаи мавзӯоте буд, ки дар дидори Маъруфҷон Абдураҳмонов, муовини Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Бюк Алимуродлу, мудири гуруҳи Баҳман мавриди ройзанӣ ва гуфтугӯ қарор гирифт.
Ба гузориши “Сурат Пресс”, он чӣ дар равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоизи аҳамият аст, ин ки равобити дӯстии Теҳрон – Душанбе, ки иштирокоти забониву фарҳангии зиёде бо якдигар доранд, аз аҳамияти басазое бархӯрдор аст.
Маъруфҷон Абдураҳмонов, муовини Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳошияи боздиди гуруҳи Баҳман- мотор”, зимни қадрдонӣ ва ташаккур аз фароҳам шудани боздид аз хати тавлиди “Баҳман –мотор” ва ошноӣ бо маҳсулоти тавлидии ин ширкат гуфт: Маҳсулоти гуруҳи Баҳман дақиқан мутобиқ бо стандартҳои рӯзи ҷаҳон тавлид мешавад.
Вай бо таъкид бар ин ки мошинҳои тавлидшудаи гуруҳи Баҳман барои бозорҳои хориҷӣ муносиб аст, изҳор дошт: Пайрави ин боздид ва дидору ройзанӣ бо мудирони аршади гуруҳи Баҳман, талош мекунем заминаи ҳамкории муштараки тиҷорӣ ва низ заминаи сармояи гуруҳи мошинсозии Баҳман дар кишвари Тоҷикистонро фароҳам оварем.
Ӯ бо интиқод аз ин ки тайи 8 соли гузашта мубодилоти тиҷорӣ миёни Теҳрон ва Душанбе аз 300 миллион доллар ба камтар аз 60 миллион доллар коҳиш ёфт, баён дошт: Бояд ба тавсеаи муносиботи иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижае шавад ва шоҳиди фасле дигар аз равобиту муносиботи тиҷории ду кишвар бошем.
Ба гуфтаи Маъруфҷон Абдураҳмонов, яке аз аҳдофи муҳим дар сафари ахири оятуллоҳ Раисӣ ба Душанбе, тавсеаи равобити иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ба хусус бо кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Вай бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон аз ҳамкории муштарак бо ширкатҳои эронӣ, ки бавижа дар санъати мошинсозӣ фаъол ҳастанд, истиқбол мекунад, хотирнишон кард: Гуруҳи худравсозии Баҳман яке аз ширкатҳои мавриди ҳадаф барои ҳамкории муштарак аст ва умедворем заминаи ин ҳамкорӣ фароҳам шавад ва ба таври ҳатмӣ Тоҷикистон дар тамоми заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии муштарак омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Ин мавзуъ дар сафар чанд рӯзи гузаштаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти Созмони Шанхай ва дидор бо олитарин мақомоти ин кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.
Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ пас аз дидори дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон, музокироти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ва ҳамчунин имзои асноди ҳамкориҳои дуҷониба, дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои тоҷики худ бо таъкид бар ин ки ду кишвар аз зарфиятҳои фаровоне барои ҳамкорӣ бархӯрдоранд, бар истифода аз ҳамаи зарфиятҳо барои тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ таъкид кард.
Дар ин миён, густариши равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон ва афзоиши сатҳи тиҷорӣ авлавияти аслӣ хоҳад буд, ки дар сурати тавофуқоти тарафайн дар ҳавзаи мошинсозӣ метавонад саҳми тиҷории бештаре аз муносиботи иқтисодии Теҳрон - Душанбе барои Эрон ба армуғон оварад.