Сентябр 23, 2021 09:25 Asia/Dushanbe
  • Овозаҳое дар бораи ҳузури Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар Тоҷикистон

Расонаи амрикоӣ ба нақл аз мақомоти амниятии Амрико ва Афғонистон муддаӣ шуд, ки Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Ба гузориши вебгоҳи амрикоии «Intercept» ба нақл аз як мақоми аршади иттилоотии Амрико ва 2 мақоми собиқи Афғонистон гузориш дода, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳаи Панҷшер ба ҳамроҳи Амруллоҳ Солеҳ, муовини Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Як мақоми аршади иттилоотии Амрико ва мушовири Пентагон ва ҳамчунин ду мақоми аршади давлати собиқи Афғонистон ба ин сомона гуфтанд, ки Аҳмад Масъуд, муддати кӯтоҳе пас аз инки Толибон дар 6 сентябр маркази Панҷшерро ба кантроли худ дароварда ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Ба гуфтаи ин мақоми аршади амрикоӣ, чанд рӯз баъд Амруллоҳ Солеҳ, муовини раиси ҷумҳури собиқи Афғонистону раиси иттилоотии собиқи ин кишвар, ба Масъуд мулҳақ шуд.

Пас аз тасаллути Толибон бар Панҷшер, Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар анзори умумӣ дида нашуда ва расонаҳои мухталиф борҳо гумоназанӣ карданд, ки ин ду раҳбар ба Тоҷикистон рафтаанд.

Пеш аз ин Майсам Назарӣ, сухангӯии ҷабҳаи Панҷшер ва бархе манобеи дигар гуфта буданд, ки Аҳмад Масъуд дар Афғонистон ва дар як макони амн ҳузур дорад.

Бештар бихонед: