Интиқоди вазири гардишгарии Эрон аз поин будани иртиботи гардишгарӣ бо Тоҷикистон
Вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон бо ишора ба сафаре, ки ба Тоҷикистон дошт унвон кард, ба нисбати иштирокоти фаровону собиқаи тамаддунӣ бавижа забони форсӣ ва масодиқи густардаи фарҳангии номалмӯс, иртиботи мардуми ду кишвар аз тариқи гардишгарӣ, бисёр заъиф ва дар поинтарин сатҳ аст.
Иззатуллоҳ Зарғомӣ бо ишора ба сафари ахири худ ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар сафҳаи шахсии “Инстаграм”-и худ навишт, боздид аз Мӯзеи миллӣ, Қалъаи Ҳисор, оромгоҳи машоҳир, марокизи тафреҳӣ ва паркҳои аслӣ, марокизи хариди суннатӣ ва ҷадид ва дидор бо ҳамтои тоҷик ва гуфтугӯи тулонӣ бо ҷомеъаи эрониён ва иттилоъ аз мушкилоти онон, аз ҷумлаи барномаҳои ман буд.
Вай навишт, туркҳо бахши муҳимме аз бозори ғизо ва пӯшокро дар Тоҷикистон дар ихтиёр доранд. Чин ҳам ба навъе дигар, аммо тоҷикҳо ошиқи эрониҳо ҳастанд ва ба вузӯҳ ва сароҳат ин алоқаро ба мо иброз мекарданд.
Иззатуллоҳ Зарғомӣ афзӯдааст, ки дар солҳои гузашта дучори ақибмондагии фаровоне дар ин арса будаем, ки бояд онро ҷуброн кунем.
Бештар бихонед:
- Мулоқоти вазири сайёҳии Эрон бо раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон
- Суханроии намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши эҳёи гардишгарии ҷаҳонӣ ва эҷоди тавсеаи шаҳрҳо